Дар сохтори шуъбаи таълим Маркази баќайдгирї, машваратї ва тестї,
Бахши идоракунии сифати тањсилот, Бахши таљрибаомўзї,
Бахши тањсилоти ибтидої касбї, 2 - факултет ва 4 – кафедра мављуд мебошад.
Шўъбаи таълим фаъолияти худро дар асоси наќшаи солонаи муассиса тарњрезї намуда, љињати иљрои наќша ва барномањои дар Маркази баќайдгирї, машваратї ва тестї,
Бахши идоракунии сифати тањсилот,
Бахши таљрибаомўзї,
Бахши тањсилоти ибтидої касбї ва Факултету кафедрањо ба роњ мондааст.

Дар давраи њисоботї дар шўъбаи таълим љињати таъмини иљрои бандњои наќшаи фаъолияти солонаи шўъба њамарўза тадбирандешї мешавад. Фаъолият дар ин самт назар ба солњои пешин бењтару хуб ба роњ монда шуда, дар шўъбаву бахшњо ва факултаву кафедрањои барои фаъолияти хуби омўзгорон шароити мусоиди корї фароњам оварда шудааст. Кормандони шўъба дар њамкорї бо сохторњои марбутаи муассиса фаъолиятро дар самти таълим назорати доимї мебаранд. Дар назди шўъбаи таълим шўрои методї фаъолият менамояд, ки дар пешбурди корњои методї наќши бориз дорад. Барои баланд бардоштани мањорат, малака ва маърифати касбии омўзгорон дар муассиса кабинети методї ба истифода дода шудааст. Дар кабинети методї мувофиќ ба талаботи замони муосир корњои илмї, методї ва таълимии омўзгорон нигоњ дошта шудааст. Њамзамон барои роњнамоии омўзгорони љавон гўшањои “Ёрї ба мутахассиси љавон”, “Аз таљрибаи пешќадам”, “ Њуљљатнигорї”, адабиётњои таълимї, методї, илмї, коркардњои методї, намунаи силлабусњо, наќшањои таълимї, барномањои таълимї ба мараз гузошта шуда, аз он омўзгорон дар пешбурди корњои таълим ва тарбия истифода менамояд. Бояд ќайд намуд, ки дар муассиса фаъолият дар самти роњбалад ва коромўз хеле хуб ва мувофиќ ба маќсад ба роњ монда шудааст. Омўзгорони љавон дар асоси фармоиши директор ба мутахассисони соњибтаљриба вобаста карда шудаанд. Кори коромўзон ва роњбаладон мувофиќи наќшаи шўрои методї роњандозї гардида, дар омодасозии мутахассисони варзида замина хоњад буд. Доимо онњо ба дарсњои њамдигар даромада, кор меомўзанд ва маслињатњои методї медињанд.

Коллељ дар асоси маблаѓи буљавї ва шартномавї фаъолияти худро ба роњ мондааст. Дар коллељ теъдоди донишљўёни шуъбаи рӯзона, ки тариќи шартнома ва буҷавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд 1546 нафар буда аз ин шумора 1097 нафарро духтарон ташкил медињад.